image

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ машварати китобдорони муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд

date_range27.03.2023, 10:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ ин навбат дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 машварати китобдорони ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд.

Дар ин тадбири маърифатӣ масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, нависанда Азизи Азиз ва китобдорони китобхонаҳои мактабии ҳудуди ноҳия ширкати фаъол намуданд. Тавре зикр рафт барои таъмини муассисаҳои мактабӣ бо китоб дар солҳои охир чораҳои зарурӣ амалӣ шудааст. Дар самти нигоҳдории китоб ва истифодаи он бошад ташкили чунин машваратҳо амри зарурӣ дониста мешавад.

Дар идомаи машварати китобдорон аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 саҳнаҳои тарбиявӣ аз достонҳои Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ иҷро гардид.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо вобаста ба ҷалби насли наврасон ба китобхонӣ ва ҷонок намудани фаъолияти китобхонаҳо бояд дар толорҳои хониш барои мутолиаи асархои бадеӣ ба хонандагон имкониятхои зарурӣ фароҳам шавад. Айни хол хонандагон барои иштирок дар даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагӣ дида истодаанд.

Зикр шуд, ки китобдоронро зарур аст шумораи китобҳои бадеиро зиёд намуда, барои хонандагон адабиёти лозимаро дастрас намоянд. Фаъолияти китобхонаҳо дар мактаб яке аз самтҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои охир фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Валиҷон Шарифзода
ТВ "Душанбе"