Баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола дар соли 2023» дар шаҳри Душанбе
Ҷиҳати иштирок дар Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола дар соли 2023» дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина масъулин дар кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои сабзкорӣ ва боғу гулгаштҳои шаҳр гулҳои гуногуни лола шинонидаанд, ки айни замон шукуфоии онҳо сарзабзиву зебоии гӯшаву канори пойтахтро таъмин намудаанд.
Мавриди зикр аст, ки ин Фестивал аввал дар сатҳи ноҳия, даври дуюм дар сатҳи шаҳру вилоят ва марҳилаи ниҳоии дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир карда мешавад. Баъд аз ҷамъбасти даври ноҳиявӣ инак дар пойтахт даври шаҳрии он доир гардид. Ҳайати гуруҳи кории шаҳрии Фестивали гулҳо «Сайри гули лола» иборат аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Ҳайати гурӯҳ ин навбат фаъолияти худро аз назди Сирки давлатӣ, кӯчаи Неъмат Қарабоев, «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии Ҷавонон ва кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Сино оғоз намуда, барои муайян намудани ғолибони озмун дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкории боғҳо беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошударо аз назар гузарониданд.
Гуфтан ба мари даст, ки Фестивал аз рӯйи 5 номинатсия Боғи беҳтарин, Гулгшати беҳтарин, Кӯча ва хиёбони беҳтарин, Композитсияи беҳтарин ва Гулпарвари беҳтарин гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур ин тарбияи ҳисси зебоипарасти, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва омавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон тозагии муҳити зист мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ дар шаҳри Душанбе зиёда наздик ба 6 миллион гули Лола шинонида шудааст, ки бо шукуфоии онҳо пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо як шаҳри зебову дидани табдил ёфтааст.
Қиёмиддини Ҳомид
ТВ "Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ