image

Қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии фестивали «Сайри гули лола» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range27.03.2023, 16:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye338

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 марти соли 2023 Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо “Сайри гули лола» фестивали ноҳиявии гулҳо «Сайри гули лола» дар панҷ номинатсия, аз ҷумла «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ва хиёбони беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва «Композитсияи беҳтарин» гузаронида шуд.

Дар асоси хулосаи комиссияи ноҳиявӣ наздик ба 15 боғу гулгашт ва хиёбону кучаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ки дар онҳо гули лола хуб нашъунамо дорад, ғолибиятро ба даст оварданд. Дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ сайругашт дар гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои истироҳатии пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе, ки бо меҳнати шабонарӯзии кормандони сохторҳои марбутаи ободонию сабзгардонии пойтахт дар асоси ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ беш аз пеш сабзу хуррам ва обод мегардад, басо фараҳафзост.

Ҳамчунин дар пойтахт ба сабзкорию васеъ намудани майдони майсазор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар даҳҳо ҳазор метри мураббаи ҳудуди шаҳр майсазорон бунёд гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Фестивали «Сайри гули лола» дар гулгашту хиёбон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва мавзеъҳои гуногуни пойтахт беш аз 5,7 миллион дона гули лола шинонида шуд, ки сарсабзию шукуфоӣ ва озодагии пойтахтро таъмин менамояд. Дар ин замина дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» доир гашт, ки дар ҷараёни он ба ғолибон аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомонӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Бояд қайд кард, ки аз рӯи 5 номинатсия аз ҷумла «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ва хибони беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва «Композитсияи беҳтарин» ғолибон дар 3 зина ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Валиҷон Шарифзода

ТВ Душанбе