image

Чорабинии иттилоотонӣ дар МИҲД шаҳри Душанбе доир ба барҳамдиҳии табъиз

date_range29.03.2023, 09:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye276

Дар чорабинии иттилоотӣ вобаста ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, сардорони шӯъбаҳои ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ, шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳукукҳои шаҳрвандии сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳуии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар чорабинӣ доир ба аҳмият ва зарурияти қонун ширкатдорон андешаҳои худро баён доштанд. Тавре таъкид рафт, татбиқи ҳамаҷонибаи ин қонун барои барҳамдиҳии пурраи шаклҳои гуногуни таъбиз мусоидати фаъол менамоянд.

Дар идома зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки табъиз - ин ҳама гунна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ мебошад, ки дар асосҳои воқеъӣ ва ҳуқуқӣ е гуруҳи шахсон нисбат ба хешовандони онҳо е шахсони бо онҳо ба тариқи дигар алоқаманд ба вуҷуд омада, ба аломати нажод, ранги пӯст, чинс, забон, шаҳрвандӣ, ақида, истифода ё амалӣ намудани тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асосҳои баробарӣ мебошад.

Зимни баромади Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар ҶТ зикр шуд, ки кишвари мо ҳамчун аъзои комилҳуқуки ҷомеаи байналмиллалӣ- инсон, ҳукуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат додаст.

Зимни ин тадбири иттилоотонӣ иштирокчиён ҳамзамон дар мавзӯҳои «Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар ҶТ-ниҳоди миллии ҳифзи ҳукуқи инсон», «Ҳифзи ҳукуку озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ҳамчун василаи муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак», «Зарурияти қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гунна шаклҳои табъиз», «Шарҳу эзоҳи баъзе аз мафҳумҳои Қонуни ҶТ Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Салоҳияи Ҳукумати ҶТ ва ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини ҳифз аз табьиз дар ҶТ» баомад намуданд. Ташкили чунин ҳамоишҳои иттилоотонӣ барои татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳои дахлдори соҳа мусоидати фаъол менамояд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"