image

Муаррифии ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд»

date_range29.03.2023, 10:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye287

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимону ходимони давлатӣ ва коршиносони варзидаи ватанӣ ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” муаррифӣ гардид.

Зимни муаррифии ҷилдҳои 4 ва 5-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандози шуд, иброз гардид, ки китоби мазкур аз тарафи донишмандон ва сиёсатмадорони тоҷик таълиф гардида, таҳти назари Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст.

Нашри китоби мазкур дорои аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ буда, таърихи 30-солаи ташаккул, рушд ва таҳкими як давлати соҳибистиқлолро зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаро гирифтааст.

Дар маҷмуъ китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд бо муаллифии олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун таълиф ва ба нашр расидааст.

Дар рафти чорабинӣ муаллифон тазаккур доданд, ки китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давласозиро ташаккул диҳад. Ба андешаи масъулин китоби мазкур дар худ таҷрибаи бойи давлатсозӣ ва бунёдкориро инъикос намудааст, ки метавонад, ҳамчун дурнамо дар роҳи рушду тараққиёти ҳамаҷонибаи давлати миллии мо хизмат намояд. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад.

Дар охир як қатор муаллифони китоб барои саҳми арзанда, фаъолияти бардавому бенуқсон, рӯҳияи ватандӯстӣ ва дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҳияи китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” бо Ифтихорномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"