image

Баргузории даври ноҳиявии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт

date_range29.03.2023, 15:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye675

Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт даври ноҳиявии озмуни «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад.

Қабл аз оғози даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳия бо иштирокчиёни даври ноҳиявии озмун мулоқот намуданд. Гуфта шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад. Сипас, озмун дар синфхонаҳои ин муассисаи таълимӣ ҷараён гирифт.

Тибқи низомнома, озмун дар ду бахш — (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад: «Маҳорати суханварӣ» (бо се забон), «Эссе» (бо се забон), «Қироати шеър» (бо се забон), «Имло» (имлои дурусти калима дар матн) ва «Тарҷума» (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ ба забонҳои русиву англисӣ).

Озмун вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» миёни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ роҳандозӣ мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"