image

Маҳфили омӯзишии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»

date_range30.03.2023, 10:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye371

Курси омодасозии "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат" соли 5-ум аст, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” роҳандозӣ мегардад. Ин навбат дар курси мазкур зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кишвар ба муҳлати се моҳ ҷалб гардиданд. Дар рафти баргузории курси мазкур маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо ба шунавандагон машғулият мегузаронанд.

Ин навбат Маликшо Неъматзода - раиси федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ҷавонон машғулият гузаронид. Тавре дар рафти дарс гуфта шуд, Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсиони ба даст овардани сулҳу ваҳдати милли саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматзҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Ҳамзамон ба шунавандагони курси мазкур иброз карда шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон зери роҳбарии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки баъди хатми курси мазкур иштирокчиён бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"