image

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» баргузор шуд

date_range30.03.2023, 14:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye278

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, шуъбаи маорифи ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» доир гашт.

Дар оғози озмун намояндагон бо хонандагон ва иштирокчиёни даври аввали Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» мулоқот намуданд. Зикр рафт, ки мақсад аз баргузории озмун ҳавасмандагрдонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Ҳамин гуна дар синфхонаҳои таълимии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур озмун шуруъ шуд. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустаим Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад.

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» санаҳои 29 ва 30-юми марти соли ҷорӣ баргузор шуд.

Тибқи низомнома озмун дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида шуд: маҳорати суханварӣ, (бо се забон), эссе (бо се забон), қироати шеър (бо се забон), имло (имлои дурусти калима дар матн), тарҷума (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ бо забонҳои русиву англисӣ).

Қайд кардан ба маврид аст, ки даври якуми озмун моҳҳои январ феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳо, даври дуюм моҳи март дар сатҳи ноҳияҳои бо иштироки ғолибони даври якум доир гашта, даври сеюми озмиун яъне даври шаҳрӣ ҳафтаи аввали моҳи апрел бо иштироки ғолибони даври дуюми ноҳиявӣ баргузор мегардад. Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номинатсия то 3 ғолиб (ҷойи якум 1 нафар, ҷойи дуюм 1 нафар ва ҷойи сеюм 1 нафар) муайян карда шудааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"