image

Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи «Дарҳои боз» оғоз шуд

date_range30.03.2023, 15:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye221

Бо ташаббуси шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон Рӯзи “Дарҳои боз" оғоз гардид. Дар ин рӯз намояндагони ҳама кумитаву сохторҳои давлати муассисаҳои таълими ва дигарон аз ҳама шӯъбаю толорҳои китобхона дидан карданд.

Пеш аз оғози рӯзи дарҳои боз, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, дар саҳни ин муассиса китобҳои тозанашри шоирону нависандагони халқи тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд, ки хозирин аз онҳои дидан карданд.

Сипас чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳи директори Китобхонаи милии Тоҷикистон оғоз шуда, аз сахми Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи соҳа хотиррасон гардида, кайд намуд, ки хадаф аз баргузории Рӯзи «Дарҳои боз» дар Китобхонаи миллӣ ин нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик буда, ба ин васила инъикоси Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи соҳибмахзан, дорои фонди бою ғанӣ ва соҳибкитобиву соҳибдевонии миллати куҳанбунёдамон буда, ба қаламу китоб доштаву китобро ганҷинаи илму дониш, нуру зиё, мояи пирӯзӣ бар ҷаҳлу зулмат ва саодату пешрафти бемайлони инсоният донистани аҷдодони мо шаҳодат медиҳад.

Сипас дарҳои боз оғоз гардида, ҳозирин аз ҳама гӯшаву канор, толорҳои китобхона ва осорхонаи китобҳои ин муассиса дидан карданд.

Боиси қайд аст, ки тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи китобу китобдорӣ, ҷалби оммаи васеи мардум ба мутоилаву эҷодкорӣ такони ҷиддие бахшидааст.

Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур то 31 март идома меёбад.

Қиёмиддини Ҳомид
ТВ "Душанбе"