image

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range31.03.2023, 09:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye269

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи н.Фирдавсӣ ин навбат дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи  Фирдавсӣ баргузор шуд.

Дар раванди баргузории кори ҷаласаи Шӯро прокурори н.Фирдавсӣ, сардори шуъбаи амнияти ноҳия, роҳбарони шуъбаи корҳои дохилии 1 ва 2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, сардори нозироти андоз дар ноҳия, сардори иҷрочии калони хадамоти иҷро дар н.Фирдавсӣ ва масъулини шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат намуданд.

Нахуст масъалаи терроризму ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта шуд. Таъкид рафт, ки дар ин самт бояд ҳамагон масъулияти бештар зоҳир намояд ва корҳои соҳавиро бештар дар маҳал ба роҳ монанд. Аз рӯйи ин масъала масъулини соҳа баромад намуда, доир ба ҷоннок намудани кор дар ин самт таклифу пешниҳоди судмандро ба миён гузошт. Ҳамзамон стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва раванди татбиқи он ҳам таҳлил шуд.

Ҳаминтавр ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи н.Фирдавсӣ баррасӣ гардида,  масъулин барои беҳтар намудани фаъолияти соҳавӣ вазифадор шуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"