image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНДИ ТАШКИЛӢ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ОЗМУНҲОИ ДАРПЕШИСТОДА

date_range01.04.2023, 16:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219
Бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани озмунҳои дарпешистода; таъсиси стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ҷаласаи корӣ доир карда шуд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бо иштироки роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, намояндагони макотиби таҳсилоти миёнаву олӣ доир гардид.

Қайд бояд намуд, ки ҳамасола тибқи дастури бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба хотири дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқати пойтахт озмунҳои мазкур баргузор мегарданд.

Дар ҷаласа сана ва макони чорабиниҳоро муайян намуда, нафарони масъул барои шаффоф ва дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани озмунҳо маваззаф гардиданд.