image

МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ГУСЕЛИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПОЙТАХТ

date_range01.04.2023, 16:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye274
Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Вобаста ба ин, Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии Амфитеатр «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.

Дар Ҳамоиши мазкур, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиа, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ,роҳабарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр, комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон хозиринро ба Рӯзи даъватшаванда табрик ва муборакбод намуда, минатдории самимии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ҷавонони навдаъватшуда ва волидайни онҳо, ки барои сафарбар гаридан ба хизмати ҳарбӣ хозир шуданд расонид.

Иброз гардид, ки барои тарбия намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон яке аз воситаҳои муҳими тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа нақши калидиро мебозад ва он яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дода шудааст. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони саодатманди мо обу хоки сарзамини биҳиштосо, неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ҳифзи якпорчагии Ватани азиз, ҳимояи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ ва манфиатҳои миллатро аз ҳама чиз боло медонанд ва ба ин арзишҳо эҳтироми хоса доранд.

Дар идома зикр гардид, ки бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ва дар корномаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи дурахшоне мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили амният ва истиқлоли мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои марбута муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат ва кори кулли мардум муайян намуда, тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии ҷангии қӯшунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити хизмат ва аҳволи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Дар ин радиф, муовини Раиси Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, муовини аввали Кумитаи маркази Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати корҳои сиёсӣ - тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода таъкид доштанд, ки ҷавонон дар воқеъ нерӯи пешбар ва созанда мебошанд ва итминон дорем, ки дар кори ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиши мамлакат аз худ масъулиятнокӣ зоҳир менамонд.

Корнамоиҳои беҳамтои ҷавононро дар барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ махсусан қайд карда, бар он мутмаин шуд, ки, ки ҷавонон ҳамчун қувваи бузург қодир ҳастанд дар ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми беназири худро гузошта, дар такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи боэътимоди Сарҳади давлатӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.

Воқеан, барои насли ҷавони кишвар яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт, ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт - дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд.

Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 353 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати харбӣ сафарбар гардиданд, ки 22,8%-и нақшаи даъватро дар даъвати баҳории соли 2023 ташкил медиҳад.

Дар ин маросим ҳамчунин, ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон, модари даъватшаванда аз номи тамоми модарон ба ихтиериён дуои хайр дода, маросими «Нонгазон»-и чорабиниро анҷом дод.

Дар идома намоиши машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ аз ҷониби сарбозон сурат гирифта, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.