image

Вохӯрии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДМТ

date_range02.04.2023, 11:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

Ҷавонони имрӯзаи кишвар дар марҳилае кору фаъолият доранд, ки дар баробари фароҳам будани шароити мусоид ҷиҳати худтакмилдиҳӣ ва инкишоф, як қатор мушкилот, аз ҷумла надоштани маълумоти лозими оид ба вазъи сиёсии кишвар ва ҷаҳон, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ, надоштани малакаи кофӣ дар идоракунии давлатӣ садди роҳи зиндагии онҳо гаштааст.

Бо зикри ҳамин нукта ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода курси навбатии “Сарварони сиёсӣ”-ро, ки ин навбат бо иштироки Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид, оғоз бахшид. Дар мулоқот бо шунавандагон вазири нақлиёт аз татбиқи сиёсати ҷавонон аз ҷониби роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии худ бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.

Ба таъкиди вазири нақлиёт дар замони муосир, ки бархӯрди тамаддунҳо ва муқовимвт ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир бештар ба назар мерасад, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад.

Ҳадаф аз ташкили Курси «Сарварони сиёсӣ» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштирокчи ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"