Истифодаи заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ
Дар асоси Қарори Маҷлиси милли Маҷлиси олии ҶТ «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе» зиёда аз 3486 гектар замин ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки аз ин 833,53 гектараш ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуб аст. Истифодаи самаронки ин заминҳо имкон медиҳад, ки то қадри имкон фаровонӣ аз ҳисоби маҳсулоти худӣ дар бозорҳои пойтахт таъмин гардад. Бо ин мақсад тадбирҳои соҳавӣ аз ҷониби сохторҳои марбута пайваста амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад масъулини бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо хоҷагидор дар робита буда, барои истифодаи самаронки замин тадбирҳои соҳавиро амалӣ месозанд. Истифодаи самароноки ҳар қитъа замин дар шароити имрӯза ба манфиати кишоварзон буда, ба ин васила онҳо барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии худ ва таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Айни замон дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ кишти маҳсулоти гуногун аз ҷумла помидору бодиринг дар гармхонаҳо ва навъҳои дигари маҳсулот, аз ҷумла картошкаву пиёз ва сабзиро ба роҳ мондаанд, ки ҳоло дар бештари маврид ҳосил пухта расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар баромади худ ва сарфаҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба истифодаи оқилонаи заминҳо таваҷҷуҳ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Бо татбиқи ин дастуру супориш ва тавсияҳо ҳоло хоҷагидорону саҳмдорон дар ноҳияи Фирдавсӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Яке аз маҳсулоти серталабот имрӯзҳо пиёз ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ҳудуди хоҷагиҳои н.Фирдавсӣ дар 16 гектар пиёз мавҷуд аст ва хоҷагидорон дар рӯзҳои наздик онро ба бозори истеъмолии пойтахт меброранд.
Ҳаминтавр ҳоҷагидорони ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти гуногун ва сераталаботро дар заминҳои худ кишт намудаанд, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад ва онҳо аз ҳосили назаррас умед доранд, то ки бо он тавонанд, то қадри имкон барои таъмини фаровонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишварзии мамлакат саҳм гузоранд.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ