Баргузории даври ноҳиявии Озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки Раиси Комиссия, муовини Раиси шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, масъулини ноҳияи Фирдавсӣ ва экспертони Комиссия бо иштироккунандагони даври ноҳиявии стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд.
Зимни баргузории ҳамоиши мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе ба сухан баромада, дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба хотири ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар ҳама ҷодаҳо, маърӯза карданд. Қайд шуд, ки Озмуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад. Гуфта шуд, ки дар баргузории озмуни мазкур дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ айни замон 240 нафар довталаб ҳуҷҷат пешниҳод намуда, ки аз ин шумора 100 нафарашон барои иштирок ба даври шаҳрии озмун пешниҳод карда мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки Стипендияи раиси Душанбе соли 2017 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагони фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Довталабон вобаста ба синфҳо гурӯҳбандӣ гардида, ба онҳо аз рӯи барномаи фанҳои таълими саволномаҳои имтиҳони санҷиши тестӣ пешниҳод гардид. Озмун тариқи тестӣ аз рӯи барномаҳои таълимӣ сурат гирифта, саволномаҳои он бо дарназардошти шакли муассисаҳои таълимӣ дар алоҳидагӣ барои довталабон омода шудаанд.
Бояд гуфт, ки барои гузаронидани озмуни мазкур аъзои комисия аз ҳисоби коршиносон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа таъсис ёфтааст ва озмун таҳти назорати Комиссияи озмуни стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, ки ҳайати он бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта, бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ