image

Аксияи тарғиботӣ доир ба ташаббусҳои байналмилалӣ вобаста ба об

date_range03.04.2023, 14:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Бо иштироки доираи васеъи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Сино, кӯчаҳои ҳамшафати Донишгоҳ, мавзеъҳои майдончаи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Сино, «Боғи Рӯдакӣ» Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони «Об барои рушди усувор» баргузор гардид.

Ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи мазкур барои боло бурдани огоҳии бештари шаҳрвандон оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва нақши Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти башар гузаронида шуд. Аксияи мазкур аз саҳни бинои асосию маъмурии Донишгоҳи тиббӣ оғоз гарида, дар маконҳои зикршуда идом ёфт.

Дар аксия буклету варақаҳо, ки дар онҳо маълумотҳои хабарӣ вобаста ба саҳми намоёни ҷониби Тоҷикистон дар бартараф намудани мушкилоти вобаста ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷумла соли 2003 «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соли 2025 «Соли байналилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дарҷ ёфта буданд, ба шаҳрвандон тақдим карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва экалогия буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани иқдомҳои ҷониби Точикистон бо намояндагии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели ин гуфтаҳост.

Ҳадафҳои ин иқдомҳо пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии экологӣ, дигаршаврии зудмаҳали иқлим ва беҳбудбахшии раванди ҳамкориҳо дар ҳалии масъалаҳои экологӣ бахусус обшавии пиряхҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад ва саҳми Тоҷикистон дар соҳаи об беназир буда, талош барои наҷоти башарият аз хатарҳои манфии сайёра ва рушду пешрафти давлатҳои ҷаҳон дар сатҳои гуногун боиси нуфузи баландро дар арсаи байналимилалӣ касб кардани Тоҷикистон гаридааст.

Ҳамин тариқ бо гузаронидани чунин аксияи тарғиботӣ «Об барои рушди устувор» инчунин дастаи ҳунарии «Шифо»-и Донишгоҳи тиббӣ дар майдончаи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Сино барномаи фарҳангиро дар доираи ҷашни байналмилаии Наврӯз ва эълон гаридани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳивзи пиряхҳо» ва рӯзи 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳивзи пиряҳо баргузор намуд, ки дар он ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ватаниву хориҷии донишгоҳ ва шаҳрвандон ҳузур доштанд.

Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"