image

Баргузории дарси намунавӣ ва машварати методӣ дар МТМУ №8

date_range03.04.2023, 15:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye265

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами кормандони соҳаи маориф дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дарси намунавӣ ва машварати методӣ доир гардид.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 бо мақсади рушди истеъдодҳо миёни толибилмон маҳфилҳои гуногун амал мекунад, ки аз ҷумлаи он маҳфили рассомӣ мебошад. Дар ин маҳфил хонандагон бо роҳнамоии устодону худ манзараҳои зебои кишвари биҳиштосоямонро тасвир мекунанд ва мавзӯи навбатии маҳфили рассомӣ ин навбат шаҳри Душанбе буд, зеро бо наздикӣ мо рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар оғоз машварат дар китобхонаи муассиса бо ҳам омада, раванди баргузории машварати методӣ ва дарсҳои намунавиро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 баррасӣ карданд. Сипас иштирокчиёни машварат дар сифнхонаҳо аз дарсҳои намунавии устодон боздид намуданд.

Пас аз анҷоми дарсҳои намунавӣ бо иштироки роҳбарияти Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва директорни муассисаҳои таълимӣ фаъолияти омӯзгории устодони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар машварат зикр шуд, ки омӯзгорон бояд бо аз бар намудани усулҳои нави таълим таҷрибаи пешқадами соҳавии ҳамдигариро дар раванди таълим ба таври васеъ истифода намуда, хонанадагонро бо аз худ намудани донишҳои замонавӣ дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоянд. Дар ин замина дар ҷараёни машварати даструдиҳӣ миёни масъулин ва иштирокчиён суолу ҷавобҳо сурат гирифта, ҳозирин вобаста ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ табодули афкор намуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"