image

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро

date_range04.04.2023, 15:35 chat_bubble_outline0 remove_red_eye259

Бахшида ба Рӯзи кормандони макомоти иҷро бо иштироки роҳбарият, кормандон ва собиқадорони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно сухан карда қайд намуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 5-уми апрел рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян карда шудааст.

Роҳбарият ва кормандони Хадамот бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёби диққати асосиро ба беҳтар намудани иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонидашуда, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби конунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намудааст.

Гуфта шуд, ки Хадамот вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намуда истодааст.

Дар фарҷом аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандон нишони сарисинагии «Корманди фахрии мақомоти иҷро», Ифтихорнома ва рутбаҳои навбатии дараҷавӣ супорида шуданд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"