image

«Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ» зери ин унвон ба муносибати Рӯзи пойтахт мизи мудаввар доир шуд

date_range06.04.2023, 10:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye244

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат дар ноҳияи мавриди назар мизи мудаввар баргузор шуд.

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, адибон, намояндагони соҳаи маориф ва фаъолони дигар шуъбаву бахшҳо ширкат намуданд.

Зимни баромади худ масъулини ноҳия дар робита ба корҳои ободониву созандагии шаҳр, аз ҷумла бунёди иншооти таъиноти гуногун, таъмири роҳу ҷодаҳо ва ташкили даҳҳо чорабиниҳои сатҳи баланд дар миқёси пойтахт маърӯза пешниҳод намуданд.

Зикр гардид, ки бо ташаббуст ва тадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишвар дар як муддати кӯтоҳ дар радифи шаҳрҳои обод ва шукуфои олам мақом пайдо намуд. Ҳамин тавр ширкатдорони ҳамоиши маърифатӣ дар самти дастварду пешравиҳои шаҳр дар муқоиса ба солҳои қаблӣ баромад намуда, аз ширкатдорон, хоса ҷавонон даъват намуданд, ки бо истифодаи шароити фароҳамшуда дар таълимгоҳҳо пайи омӯзиши илму дониш бошанд. Тавре зимни баромади ширкатдорони ин ҳамоиши маърифатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ зикр шуд, шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти ватани соҳибистиқлоламон сол ба сол рушд карда истодааст ва ин раванд ба таври мутаасил идома дорад.

Пойтахти Тоҷикистон - ҳамчун маркази бузурги маънавиёт, илму маърифат ва хизматрасонӣ дорои шароити хуби инфрасохторӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматии баландошёнаи бо санъати баланди меъморӣ бунёдгардида, макони ободониву сабзкорӣ, тозагиву зебоӣ ва одоби баланди муошират мебошад.

Барномаи рангини фарҳангии омода намудаи ҳаваскорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳоди ширкатдорони ҳамоиш гардид.

Ҳакимзода Раҳим
ТВ "Душанбе"