Ҳамоиши илмӣ - амалӣ доир ба молия дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
«Идоракунии хатарҳои бонкӣ дар шароити бесуботи молиявӣ»- таҳти чунин унвон дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва сохибкории Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷамъомад доир гардид.
Иштирокчиёни ҳамоиши илмии «Идоракунии хатарҳои бонкӣ дар шароити бесуботии молиявӣ» нахуст бо имконоту шароити муосир дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи бонкддорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд.
Дар ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат бо назардошти талаботи имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ дар роҳи омода намудани мутахассисони кордон синфхонаҳои тахассусӣ мавҷуд буда, донишҷӯён баробари донишҳои назариявӣ раванди татабиқ он дар амалияро бо истифода аз технологияи навин аз худ мекунанд. Синфхонаи муҷаҳҳази бонки таълимӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» имкон медиҳад, ки донишҷӯён нозукиҳои бонкдориро дар амлия омӯзанд.
Қисмати асосии чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода оғоз гардида, таъкид шуд, ки бо талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими сиёсати давлатӣ ва рушди иқтисодиёти миллӣ тамоми заминаҳои мусоид мавҷуд аст.
Дар идома роҳбарияти Раёсати корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар назди иштирокичёни ҳамоиши имлӣ бо маърӯза баромад намуда, оид ба татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди устувори бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳотҳо дар соҳа, роҳҳои пешгирии таъсири хавфҳо ибрози андеша намуд.
Дар фароварди мулоқоти навбатӣ барои ҳамкориҳои судманд дар раванди омодасозии кадрҳо, саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва иштироки пайваста дар чорабиниҳои донишгоҳ, Роҳбарияти «Амонатбонк» бо "Сипоснома"-и раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси Раёсати "Амонатбонк" донишҷӯёне, ки дар раванди ҳамоиш фаъолнокӣ нишон доданд, бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ