image

Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир ба обу иқлим дар Маркази тадқиқоти стратегӣ

date_range07.04.2023, 12:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

«Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим: аз ибтикорот то амал» таҳти чунин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷроиши супоришҳо, дастурҳо ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ироа гардида буданд, конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниро масъулин дар арзёбии қарори Маҷмааи Умумии СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» маънидод карданд.

Ҳамзамон, дар ҷаҳорчӯби нишаст натиҷаҳои Конфронси оби СММ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат гирифт, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ карданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"