image

Ҷараёни даври шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»

date_range08.04.2023, 14:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye340

Озмунҳои шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ташкил гардидааст. Мақсади ин тадбири зеҳниву эҷодӣ ҳавасмангардонии хонандагон, азхудкунии фанҳои дақиқ, сайқал додани заковат, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо арзёбӣ гардидааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки озмуни мазкур аз рӯйи 7 номинатсия аз қабили “Барномасозӣ” “Меъморӣ”, “Моделсозӣ”, “Радиоэлектроника”, “Робототехника”, “Сайёҳӣ-кишваршиносӣ” ва “Табиатшиносӣ” ҷараён дорад. Дар рӯзи дуюм, ки номинатсияи “Радиоэлектроника”, “Моделсозӣ”, «Меъморӣ», «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» ва “Табиатшиносӣ” буд, довталабон дар ҳузури доварони ин чорабинӣ маҳорату малакаи худро муаррифӣ намуданд.

Муаррифии лоиҳаи эҷодии иштирокчиён, идеяи пешниҳоди лоиҳа, муҳтавои лоиҳа, дизайн, ороиш ва тарзи пешниҳод, риояи ва истифодаи технологияҳо ва зарурияти ситифода дар амал аз ҷумлаи унсурҳои баҳогузорӣ ба маҳорати довталабони озмун дар номинатсияҳо ба хисоб меравад. Дар Рӯзи дуюми озмун 56 нафар хонандагон, ки аз даври ноҳиявӣ ба даври шаҳри роҳхат гирифта буданд ширкат варзида аз рӯи номинатсияҳои зикр гардида маҳорати хешро ба хайати ҳакамон нишон медоданд.

Ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мебошад.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"