image

Ба муносибати ҳафтаи байналмилалии пул дар «Саноатсодиротбонк» вохӯрӣ бо донишҷӯён доир шуд

date_range13.04.2023, 14:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye251

Дар бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар иртибот ба ҳафтаи байналмиллалии пул вохӯрӣ бо донишҷуён аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бобати баланд бардоштани маърифати молиявии эшон ва шиносоӣ бо кор дар банк анҷом дода шуд.

Дар заминаи баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷуён дар иртибот ба ҳафтаи байналмилалии пул дар рафти ин вохӯрӣ ҳамаи онҳо бо шароити корӣ дар бонк, тарзи кори кормандони бонк бо мизоҷон, маълумотҳои марбут ба фоизи депозиту қарзҳо, телефони боварии бонк, кортҳои пардохтӣ ва имкониятҳои ССБМобайл ва амсоли он бо самти фаъолияти кор ошно гардиданд. Гуфта мешавад, ки чунин амал дар заминаи нақшачорабиниҳои бонк пайваста роҳандозӣ карда мешавад.

Дар ин вохӯрӣ бо гурӯҳи донишҷуён ҳар гунна бозиҳои интерактивӣ ва шавқовар вобаста ба моҳияти пул ва роҳу восита кор кардани пул, гузоштани пасандозҳо дар маърифати молиявии сарфаи пул, мавқеи бонк барои ҷомеа, давлат ва инсон, сармояи нахустин, гузаронида шуд.

Лозим ба зикр аст, ки дар доираи ин вохӯрӣ аз ҷониби донишҷуён низ суолҳо атрофии амонатгузорӣ ва мавқеи Саноатсодиротбонк дар иқтисодиёти кишвар, манбаи асосии даромади бонк, сармоягузор кист ва ҳадафи сармоягузории молиявӣ дар чист, чаро имрӯз бонкҳо дар кишвар зиёданд, рисолати асосии Саноатсодиротбонк дар чистро ба мутахассисони бонк пешниҳод намуда посухҳои мушаххас гирифтанд.

Лозим ба зикр аст, ки маъракаи ҳафтаи байналмиллалии пул дар тамоми филиалҳои бонк то охири моҳи апрел бо гузаронидани вохӯриҳо бо наврасон ва донишҷуёни макотиби олӣ баргузор мегардад. Ин вохӯрии нахустин буда, силсилавохӯриҳо то охири моҳи апрел дар дастгоҳи марказии бонк низ идома хоҳанд дошт.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"