image

Суботи сиёсӣ-омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир

date_range14.04.2023, 10:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд зери унвони «Суботи сиёсӣ-омили таъмини рушди устувори кишвар дар шароити муосир» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони масъули вазорату идораҳои марбутаи кишвар, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат намуда, бо маърузаҳои илмӣ баромад карданд.

Ҳамзамон, дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои суботи сиёсӣ-омили асосии рушди устувори ҶТ, суботи сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон, вазъ ва дурнамои таъмини суботи сиёсии кишвар дар шароити зоҳиршавии таҳдиду хатарҳои замони муосир, технологияи таъмини суботи сиёсии ҶТ дар шароити муосир, суботи сиёсӣ ва таҳкими истиқлоли сиёсӣ, суботи сиёсӣ ҳамчун воситаи ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими ҶТ, таъсири муборизаҳои геополитикии қудратҳои минтақа ва ҷаҳон ба суботи сиёсии Тоҷикистон, фазои иттилоотӣ ва суботи сиёсии ҶТ, амнияти иттилоотӣ ва таҳкими суботи сиёсии ҶТ, суботи сиёсӣ омили асосии муаррифии фазои мусоиди сармоягузории хориҷӣ, амнияти идеологӣ ҳамчун воситаи таъмини суботи сиёсии Тоҷикистон, суботи сиёсӣ ҳамчун заминаи рушди иқтисодии мамлакат баррасӣ карда шуданд.

Дар рафти ин ҳамоиши илмӣ зикр карда шуд, ки таъмини суботи сиёсӣ кишвар ба омилҳои гуногун ҳамбастагӣ дорад. Таҳкими суботи сиёсӣ ба рушди тамоми соҳаҳои кишвар вобаста аст. Авзои сиёсии ҷомеа метавонад таъсири худро ба кишварҳои ҷаҳон расонад. Бинобар ин, саъю талошии бештарро ҷиҳати таҳкими суботи сиесӣ ба неруи зеҳнӣ, тақвияти малакаву ҷаҳонбинии сиёсии шаҳрвандон равона бояд сохт.

Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"