image

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ чорабинии тантанавии гусели ихтиёриён баргузор гардид

date_range19.04.2023, 09:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye220

Як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданд. Ба ин муносибат дар саҳни донишгоҳ чорабинии тантанавии гусели ихтиёриён баргузор гардид.

Ин чорабинии тантанавӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири гӯсели 25 нафар донишҷӯи ин муассисаи олии таълимӣ ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд. Донишҷӯён ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Дар маросими бошукӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмолии Сомонии шаҳри Душанбе, Комиссариати ҳарбии ноҳия, роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар оғоз ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода донишҷӯёнеро, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд, табрику таҳният гуфта, ба волидайни онҳо изҳори миннатдорӣ намуд. Гуфта шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳои Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба шумор рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро бар дӯш дорад. Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

Раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ ба ҳар як донишҷӯе, ки имрӯз ба хидмати Модар-Ватан сафарбар карда шуданд, имтиёзҳои хубу мусоидро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла ба 8 нафар имконият фароҳам оварда шуд, ки имтиҳонҳои давлатиро пеш аз муҳлат супорида, соҳиби дипломи тахассусӣ шаванд. Шаҳодатномаҳои хатм дар вазъияти тантанавӣ ба наваскарон супорида шуд. Ҳамчунин 17 ихтиёрии дигар аз ҳисоби донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки тариқи буҷави таҳсил менамуданд, пеш аз сафарбаршавӣ ба хизмати ҳарбӣ стипендияҳои худро соҳиб шуданд. Сипас масъулин дар вазъияти тантанавӣ ихтиёриёнро ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гӯсел карданд.

Бояд гуфт, ки тибқи тасмими раёсати донишгоҳ донишҷӯёне, ки шартномавӣ таҳсил менамоянд, имкон доранд, ки баъд аз адои хизмати ҳарбӣ таҳсилро дар зинаи магистратура дар шакли буҷавӣ идома диҳанд. Ҳамин гуна донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ифтихор аз ватану ватандорӣ ва дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззамаи миллат ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардида, дар таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа қарзи шаҳрвандии худро адо хоҳанд кард.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"