Тақдими стипендия ба хонандагони болаёқат ва фаъол дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, Шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва хонандагони болаёқати ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир шуд.
Зимни баргузории маҷлиси тантнавӣ муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳор дошт, ки ҳамасола дар партави дастуру супоришҳои Перзиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари баргузории озмунҳои Стипендияи президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, ичунин стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ доир карда мешавад, ки ҳадафи он баланд бардоштани савияи дониши хонанадгони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасманд намудани онҳо баҳри аз худ кардани донишҳои замонавӣ дониста мешавад. Соли равон миёни 235 нафар хонандагони 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия озмуни Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуд, ки аз ин шумора 60 нафар сазовори стипедияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ изҳор гардид, ки ҳамаи ин тадбирҳо аз ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат нисбат ба хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар далолат намуда, баҳри хонандагони болаёқат ва фаъол як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тариқ ба 60 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотпулиҳо супорида шуд.
Дар ҷараёни тақдими стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ падару модарони хонандагон низ иштирок доштанд. Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ ба муносибати тақдими стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Пешвои миллат, Президенти кишвар ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои чунин имтиёзҳо баҳри фарзандони онҳо миннатдории самимии худро пешниҳод намуданд.
Зимни тақдими идрорпулӣ ба гирандагони Стипендияи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳбарияти ноҳия ба хонандагон хониши хубу аълоро таманно карда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ бо нишон додани маҳорати малакаи худ дар дигар озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва ҳатто байналмилалӣ ширкат варзида, муаррифгари ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ гарданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ