Таҳти унвони “Масоили мубрами амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар фазои Авруосиё” ҳамоиши байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ баргузор шуд
Бахшида ба «Ҳафтаи илм» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки олимону коршиносони сатҳи ҷаҳони ва намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ иштирок карданд.
Таҳти унвони “Масоили мубрами амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар фазои Авруосиё” ҳамоиши байналмилалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарияту устодони Академия, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону донишмандон аз кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Белоруссия ва Монголия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре Абдухалил Ғафурзода ректори Академияи идоракунии давлатӣ иброз дошт, ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ роҳбарияти олии Тоҷикистон масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат қарор додааст. Барои таъмини амният дар минтақа як қатор ниҳодҳои амниятӣ таъсис гардида, фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки самти амният ва таъмини сулҳу субот дар минтақа дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз талошу кӯшишҳои ҳамин шахсияти таърихӣ мебошад, ки имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ сулҳу суботи комил ҳукмфармост.
Дар идомаи конференсия қайд гардид, ки Тоҷикистон дарвозаи ҷанубии ИДМ ба ҳисоб рафта, таъмини амнияти минтақавӣ ба иқтидори ҳарбӣ ва низомии Тоҷикистон сахт вобаста мебошад.
Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ