image

Бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ сохташуда аз ҷониби кормандони Прократураи шаҳри Душанбе

date_range29.04.2023, 11:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye203

Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Омадааст дар моддаи 2-и Кодекси замини ҶТ. Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад.

Бо мақсади бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои марбутаи соҳа аз ҷониби мақомоти дахлдор тадбирҳои зарурӣ роҳандози карда мешавад. Прократураи шаҳри Душанбе низ дар ин самт як қатор нақшачорабини тартиб дода корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар самти ғасби худсаронаи қитъаи замин ва сохтани иншооти гуногун аз ҷониби сокинон, ки имрӯзҳо мушкили нигаронкунанда аст, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин доира тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ роҳандози гардида, ба оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Мутаасифона гурӯҳе аз шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва гирду атрофи он дидаву дониста бар хилофи қонунгузории замин амал намуда, бидуни ҳуҷҷатҳои расмиёти замин дар қитъаҳои алоҳида ғайриқонунӣ ҳар гуна иншоотро сохтаанд. Бо инобати қонунҳои амалкунандаи соҳа ва санадҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кормандони Прократураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳияҳои пойтахт иншооти ғайриқонунӣ сохташуда бартараф карда шуданд. 

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 104-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифодабарӣ сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд. 

Бунёд намудани ҳамагуна бинову иншоот танҳо дар асоси нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал, ки дар онҳо ҷойгиршавии бинову иншоот дарҷ гардидааст, бо риояи талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмон ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрвандон бояд дарк кунанд ва донанд, ки мувофиқи талаботи моддаи 26-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон додан ва вобастакунии қитъаҳои замин ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо вогузор гардидааст. 

Дар ин самт шаҳрвандонро зарур аст, ки танҳо дар сурати ба даст овардани қарори дахлдори раиси шаҳр ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба сохтмон иншоот оғоз намоянд.