image

Баргузории ҳамоиши илмӣ таҳти унвони соли 2023 «Соли ҳифзи меҳнат»

date_range03.05.2023, 10:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

 Бо қарори Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 2023 “Соли ҳифзи меҳнат” эълон гардидааст. Дар доираи ин қарор бо ибтикори Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустаъқили Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш, ки таҳти унвони соли 2023 «Соли ҳифзи меҳнат» бо иштироки васеъи коршиносон, кишоварзон ва нафарони масъул доир гардид, намояндаи Федератсияи Иттифоқхои касабаи мустаъқили Тоҷикистон сухан карда, қайд намуд, ки дар низоми таъмини ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муҳимтарин манбаъ Кодекси меҳнат ба ҳисоб меравад. Кодекси меҳнати ҶТ муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқарар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудааст.

Гуфта шуд, ки Қонунгузории ҶТ оид ба меҳнат ба Конститутсияи ҶТ асос ёфтааст, ки дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд ва фасли асосии он таъмини бехатарӣ ва хифзи меҳнат ба шумор меравад, ки назорати риояи он аз тарафи мақомоти давлатӣ дар симои Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнати вазорати меҳнат, муҳочират ва шуғли аҳолии ҶТ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати ҶТ ва Прокуратураи генералии ҶТ, ки назорати риояи дақиқ ва якхелаи қонунҳоро дорад, вогӯзор карда шудааст.

Дар идома дигар иштирокдорон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки тибқи талаботи моддаи 357-и Кодекси меҳнати ҶТ назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби Иттифоқҳои касаба ба амал бароварда мешавад. Аз ин рӯ ташаббусҳои навбати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар хусуси эълон шудани соли 2023 «Соли ҳифзи меҳнат» барои тамоми қишрҳои чомеа аҳамиятӣ бунёдӣ дорад.

Маврид ба зикр аст, ки бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз рукунҳои асосии барномавии Ҳукумати ҶТ дар таъмини меҳнати арзандаи шаҳрвандон ҷихати зиндагии шоистаи онҳо ба шумор рафта, дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати кишвар, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни ҶТ, ки марҳилавӣ баста мешавад, нақши меҳварӣ ва калидиро доро мебошад, ки татбиқу ояндабинии он дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос ёфтаанд.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"