image

Оғози даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range10.05.2023, 15:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye219

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори Гимназияи №74 ноҳия баргузор шуд. Дар он хонандагони таълимгоҳҳои ноҳия, донишҷӯён ва сокинони шаҳраку маҳаллаҳои бо омодагии ҳамаҷониба ширкат намуданд. Тавре намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ дод, ба даври ноҳиявӣ 630 нафар роҳхат гирифтанд ва ҳакамон ба маҳорати онҳо баҳогузорӣ менамоянд. Масъулини Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани даври ноҳиявии озмун чораву тадбирҳои судмандро амалӣ намудаанд.

Даври ноҳияии озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб астро дар ноҳияи Фирдавсӣ адибон, намояндагони сохторҳои гуногуни марбута ва донишмандони соҳа доварӣ доранд. Ширкатдорон аксаран бо омодагии ҳамаҷониба ба озмун омада буданд. Зеро қисме аз онҳо таҷрибаи иштирок дар солҳои гузаштаро низ доро мебошанд. 

Мавриди зикр аст, ки бо инобати муҳимияти масъалаи китобу китобхонӣ ва руй овардани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба мутолиаи осори баедиву илмӣ ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруизеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷгузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 ба тасвиб расид ва дар асоси он даври ноҳиявии озмун ҳоло дар пойтахт ҷараён дорад.

Ба роҳ мондани Озмуни мазкур дар самти ҷалб намудани аҳолии кишвар хусуан наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ ва сайқал бахшидани донишу маҳорати онҳо заминаи мусоидро фароҳам намудааст. Зеро тавре маълум гардид, дар муқоиса ба соли гузашта имсол шумораи иштирокчиён афзудааст. Дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор намудани ин озмун шаҳодати он аст, ки дар кишвари мо ба фарҳангу маънавиёт, илму дониш ва сатҳи донишазхудкунии қишрҳои гуногуни ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Сохтору бахшҳои дахлдори ноҳиявӣ талош доранд, ки озмун мувофиқ ба нишондоди низомнома гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пешбарӣ гарданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"