image

Истифодаи заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range12.05.2023, 09:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Дар асоси қарорҳои дахлдор ва татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳудуди пойтахт бо ҳамроҳкунии заминҳои ноҳияҳои атрофи шаҳр васеъ гардидааст. Дар барори маҳалҳои аҳолшиниш ҳамзамон заминҳои кишоварзӣ ва қисме аз хоҷагиҳои деҳқонӣ низ ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд. Хоҷагидорон бо мақсади таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ кишту парвариши навъҳои гуногуни маҳсулотро ба роҳ монданд.

Дар асоси Қарори Маҷлиси милли Маҷлиси олии ҶТ «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе» зиёда аз 3486 гектар замин ба ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки аз ин 833,53 гектараш ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуб аст. Истифодаи самаронки ин заминҳо имкон медиҳад, ки то қадри имкон фаровонӣ аз ҳисоби маҳсулоти худӣ дар бозорҳои пойтахт таъмин гардад. Бо ин мақсад тадбирҳои соҳавӣ аз ҷониби сохторҳои марбута пайваста амалӣ карда мешавад. Бо ин мақсад масъулини бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо хоҷагидор дар робита буда, барои истифодаи самаронки замин тадбирҳои соҳавиро амалӣ месозанд.

Ҳаминтавр ҳоҷагидорони ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти гуногун ва сераталаботро дар заминҳои худ кишт намудаанд, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад ва онҳо аз ҳосили назаррас умед доранд, то ки бо он тавонанд, то қадри имкон барои таъмини фаровонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе, дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишварзии мамлакат саҳм гузоанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"