image

Роҳбарият ва кормандони «Амонатбонк» Рӯзи оиларо ба таври шоиста истиқбол гирифтанд

date_range16.05.2023, 10:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Дар доираи ҳама иду ҷашнҳо ва санаҳои муҳимми таърихӣ мутобиқ ба нақшачорабиниҳои мавҷуда дар КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» чорабиниҳои идона ташкил карда мешавад. Ин навбат дар толори бонк бо иштироки роҳбарияту кормандон ва меҳмонон чорабинии ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи оила ташкил шуд.

Зимни баромади худ раиси Раёсати «Амонатбонк» таъкид дошт, ки дар фарҳангу суннати мо тоҷикон нақши оила мақому мартабаи хоса дошту дорад ва арзишҳои он аз насл ба насл гузашта имрӯз низ идома дорад.

Ҷойи таъкид аст, ки дар баробари таъмини хизматрасониҳои бонкӣ ҳамзамон кормандони «Амонатбонк» бо эҳсоси баланди масъулият дар самти ташкили чорабиниҳои ҷашнӣ низ фаъол буда, бо омодагии ҳамаҷониба Рӯзи оиларо низ таҷлил намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ гуфта шуд, ки зиёданд оилаҳои навмунавӣ, ки имрӯзҳо дар сохторҳои Амонатбонк фаъолияти назаррас доранд ва дар баробари масъулияти идоравӣ, дар созмон додани кори оила низ соҳибнуфузанд. Ин самти фаъолияти кормандони бонк дар ҳамоиш махсус қайд гардида, он боиси пайравӣ ва ибрат арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар раванди оиладорӣ бояд ба таҳамулпазирӣ ва якдигарфаҳмӣ бештар аҳмият дод. Дар ин сурат устувории оила таъмин гардида, фарзандон дар рӯҳияи солим ба воя мерасанд.

Шоира Меҳрнисо низ ҳамчун меҳмони чорабинӣ дар ҳамоиши идонаи КВД «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баромад намуд. Зикр шуд, ки оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳифзи байналмилалӣ-ҳуқуқии оила, модару кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ танзим шудаанд. Оила ба инсоният имкон фароҳам меовард, то ҳар як шахс мавқеи худро дар дунё муайян созад. Инчунин фарҳанги оиладорӣ дар адабиёти мо мақоми хоса дошта, доир ба он асарҳои маърифативу тарбиявӣ эҷод шудаанд.

Мавсуф дар идома афзуд, ки гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълифоти хосса эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста мукаммал гардидаанд.

Ҳаминтариқ дар идомаи чорабинии масъулини «Амонатбонк» оилаҳои намунвиро қадрдонӣ намуданд.

Раҳими Карим 

"ТВ Душанбе"