image

Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

date_range17.05.2023, 11:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye242

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки он фардо низ идома меёбад.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмун ғолибони даври дохилимуассисавӣ аз сохтору ташкилот ва муассисаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар панҷ номинатсия иштирок мекунанд.

Тазаккур бояд дод, ки даври дохилимуассисавии озмун бо рақобати солими иштирокчиёни он ҷамъбаст гардида, барои иштирок дар даври ноҳиявии он 400 нафар довталабон рохҳат гирифтанд.

Дар рӯзи аввали даври ноҳиявии озмун 270 нафар довталабон аз ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рӯи номинатсияи «Адабиёти кӯдакон ва наврасон» байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"