image

«МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ - ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА»

date_range19.05.2023, 23:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye264

ш. Душанбе. 19.05.2023. Нимаи дуюми имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони "Муқовимат бо ифротгароӣ - омили муҳими рушди босуботи ҷомеа", бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ, миёнаи умумӣ ва ҷавонони фаъоли ҳудуди пойтахт иштирок намуданд.

   Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форум бо суханронии ифтиоҳии Одилзода Дилбар- муовини Раиси шаҳри Душанбе, Қобилҷон Хушвахтзода - ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фаридун Ҳусейнзода - роҳбари Дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оғоз гардид.

   Дар идома намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия, Турсунзода Шодком Худоймурод-сардори шуъбаи муковимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон дар шахри Душанбе, Шарифзода Сайҳомид- сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳиён Аълохуҷа- сардори Хадамоти пешгирӣ ва огоҳонии ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯҳои "Сулҳгароӣ силоҳи ҳастаӣ дар муқобили ифротгароӣ", "Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа", "Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа", "Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон" иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Таъкиди гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сиёсати дарҳои кушодро пеша намуда, бо ин васила мавқеи сулҳҷӯёнаи худро собит менамояд ва бо ҳамаи кишварҳо ва субектҳое, ки бо мамлакат муносибатҳои беғаразонаро доранд, механизмҳои муассири робитаву ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

    Вале бояд таъкид кард, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии кишвар дар даврони ҳассосу мураккаб ҷараён гирифта, ин равандҳо ба сарнавишти имрӯзу фардои миллат ва давлати мо таъсири худро мерасонанд.

   Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои олии ташкилотҳои бонфузи ҷаҳон диққати сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ, аз ҷумла муборизаи мутташакилона бар зидди терроризму ифротгароӣ ҷалб намуданд.

   Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайри имкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад.

   Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ дода, барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва миллат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

   Дар замони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Ҷавонони солимфикри тоҷик бояд аз ҳар гуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф буда, холисона ва ба манфиати миллату давлати худ роҳи ҳақиқатро пеша намоянд ва барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри эъмори давлати ҳақиқии дунявию демократӣ ва ҳукуқбунёд кушишу талошҳои пайвастаро амалӣ намоянд.

Қисмати ҷамъбастии Форум бо супоридани сипосноҳо ба чанд нафар иштирокчиёни Форум ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт.