image

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Шоҳмансур роҳпаймоии осоиштаи ҷавононон баргузор гардид

date_range22.05.2023, 15:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye224

Ба муносибати Рӯзи ҷавонон нахуст дар ноҳияи Шоҳмансур роҳпаймоии осоиштаи ҷавононон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни муассисаҳои олии тълимии ҳудуди ноҳия ва ҷавонон аз шаҳраку маҳаллаҳо ширкат намуданд.

Сипас дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир чорабинии фарҳангӣ зери унвони «Ҷавонон-нерӯи созандаи бунёдкор ва тамаддунофари имрӯз ва фардои кишвар» бо иштироки намояндагони МИҲД н.Шоҳмансур, сохтору бахшҳои ноҳиявӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид.

Зимни баромади намояндаи МИҲД-и н.Шоҳмансур қайд гардид, ки ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон Тоҷикистони муосир ҳамеша дар талошанд.

Барномаи рангини фарҳангӣ идомабахши ҳамоиши ҷавонони ноҳия гардид.

Дар охири чорабинӣ ба ҷавонони фаъол аз сохтору мақомоти гуногун сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"