image

Дар шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии гулҳо «Душанбе-шаҳри гулрез» ҷараён дорад

date_range23.05.2023, 10:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye294

Ободкориҳое, ки имрӯз дар пойтахти кишвари мо ҷараён доранд, тозагию озодагӣ ва зебоиҳои он, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон, фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе иқдомҳои зиёде ташкилу роҳандози мешаванд. Ин навбат аъзоёни ҳакамони озмуни шаҳрии гулҳо “Душанбе шаҳри гулрез” аз мавзеъҳои гулкории муассисаҳои олии таълимӣ дидан карданд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - бо 17 ҳазору 500 бех гулҳои мавсимӣ дар ободонию сарзабзии пойтахт саҳм дорад. Тибқи иттилоъ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 22 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд, ки аз ин шумора 450 ададашро гули садбарг ташкил медиҳад.

Зимни боздиди аъзои ҳакамон аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аён гашт ки корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо риояи қоидаҳои агротехники ба роҳ монда шуда, гулҳои мавсими нашъунамои хуб доранд. Тибқи иттилоъ дар мавзеъҳои гулкории ин муассисаи олии таълимӣ 54 ҳазор гулҳои мавсимӣ, аз ин 20 ҳазор гули садбарг ва 8-ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шудаву парвариш меёбанд.

Дар доираи фаъолияти худ аъзои ҳакамон аз нашъунамои гулу буттаҳои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино низ дидан карданд. Ин муассиса ки дар канори роҳи марказии пойтахт ҷойгир аст, ба шукуфоию намои атрофи он таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.

Бояд гуфт, ки солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида мешаванд. Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии воридшуда ба мавзеъу маҳалҳо ҳусни тоза мебахшанд ва ҳам барои саломатии инсон фоидаовар ҳастанд.

Бо парвариши ниҳолу дарахтон ва гулу буттаҳои гуногун масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарсабзиву хуррамии ин гӯшаи шаҳрро таъмин менамоянд. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳрии гулҳо “Душанбе шаҳри гулрез” аз гулу буттаҳо ва мавзеъҳои кабудизори ин муассисаи олии таълими дидан карданд.

Бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дода, ба шаҳри орзуҳо табдил ёфтааст. Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо ва ободу осуда муаррифӣ гаштааст.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"