«Дунёи ҷавонӣ» таҳти чунин унвон маҳфили адабӣ-фарҳангии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Дунёи ҷавонӣ» дар гулгашти назди маркази савдои «Садбарг» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои ҳизбӣ, ҷавонони ноҳия ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ширкат намуданд.
Дар маҳфили ҳизбиёни ноҳияи Шоҳмансур, ки таҳти унвони «Дунёи ҷавонӣ» созмон ёфта буд, намояндагон аз КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе, КИ ҳизб дар ноҳия, муовини якуми Вазири фарҳанги ҶТ ва роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии иштирокчиён қайд гардид, ки дар доираи ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шароити кору таҳсил ва машқу тамрин барои насли ояндасоз фароҳам шудааст, ки мисоли равшани он бунёди марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои муосири варзишӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт будааст.
Сипас ба як қатор фаъолони ҳизб Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур супорида шуд. Инчунин намоиши асарҳои рассомон ва намоиши либосҳои миллӣ ва аврупоии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир гардид.
Дар идома бо иштироки ҳунармандони «Филармонияи давлатии бачагони Тоҷикистон» барномаи фарҳангӣ ташкил гардид, ки писанди ҳамагон гардонида шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ