image

«Президент, ҷавонон ва илми муосир” бо чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор шуд

date_range24.05.2023, 10:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye217

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конференсияи ҷумҳуриявӣ зери унвони «Президент, ҷавонон ва илми муосир” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намоняндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, дорандагони ҷоизаи давлатии ба номи И. Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ ва стипендияи раиси шаҳри Душанбе, магистрантону донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва сарбозону афсарон иштирок намуданд.

Дар чорабинии бошукуҳ паёми табрикии Президенти кишвар аз ҷониби ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ба ҳозирин қироат карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ шахсони масъули ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бо маърузаҳо баромад карданд. Зикр гардид, ки воқеан, саҳми ҷавонон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ назаррас аст, зеро ҷавонон ба унвони нерӯи созанда ва ҳалқаи мустаҳками пайванди наслҳои башар нақши муҳим ва рисолати бузурге дар ҷомеа бар дӯш доранд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"