Таҷлили Рӯзи ҷавонон бо иштироки намояндагони Иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон нобиноён дар ДМТ
Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ятимону маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тантанавии фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сарвари давлат аз ибтидо пуштибон, ғамхори маъюбону ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъминоти онҳо иқдомҳои хайрхоҳонаро амалӣ менамоянд. Вобаста ба ин, раёсати донишгоҳ амалисозии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати дастгирии маъюбон ва ятимону бепарасторон сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, имрӯз ба зиёда аз 50 нафар таълимгирандагон, ки аъзои Иттиҳодияи нобиноён мебошанд, кӯмакпулӣ супориданд.
Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ бо иштироки роҳбалади Иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон Иброҳим Исмоилзод пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ