Дар шаҳри Душанбе чорабинии зидинашъамандии "Викторина" таҳти унвони «Тоҷикистон-озод аз маводи нашъаовар» доир шуд
Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳо викторина таҳти унвони «Тоҷикистон-озод аз маводи нашъаовар» зери шиори «Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар» доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Зимни баромади худ масъулин соҳа зикр намуданд, ки баҳри баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи нашъаовар дар ҷомеа, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баргузор карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-уми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола дар саросари кишвар ин рӯз ҳамчун «Рӯзи ҷавонон» бо ташкили силсила-чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, озмунҳо ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ таҷлил карда мешавад.
Мардонов Қандил
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ