image

Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши идона баргузор шуд

date_range25.05.2023, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye241

Дар асоси нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ин ноҳияи шаҳр ҳамоиши идона баргузор шуд. Намоиши дастовардҳои ҷавонони ноҳия аз қисматҳои асосии ин ҳамоиши сатҳи баланди ноҳиявӣ буд. Масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамоиш иштирок намуда, бо дастовардҳои ҷавонони ноҳия шинос гардиданд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва солимгардонӣ дар ҳудуди ноҳия шароити зарурӣ фароҳам шуда, ин қишри ҷомеа пайваста дастгирӣ меёбанд.

Дар идома ба ин муносибат ҳамоиши тантанавӣ оғоз гардид. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ин қисмат суханронӣ намуда, зимнан нақши ҷавононро дар рушди пешрафти ҷомеа махсус арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба имтиёзу дастгириҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ибрози андеша намуданд. Аз ҷавонон давъат гардид, ки бо эҳсоси баланди масъулият ва ҳисси худшиносӣ барои рушди бахшҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Барномаи рангини фарҳангӣ идомабахшандаи ҳамоиш гардид. Мавриди зикр аст, ки сохторҳои шаҳриву ноҳиявии соҳавӣ дар асоси нишондоди нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун мақоми ваколатдор дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳр пайваста ҳамоишу чорабиниҳои оммавиро ташкилу ба роҳ мемонад, ки мақсади он баланд бардоштани маърифати ҷавонон, тақвияти худшиносии онҳо ва ватандӯстиву меҳанпарастии ин қишри ҷомеа мебошад. Намоиши фарҳангӣ дар сатҳи зарӯрӣ доир шуда, ширкатдорони он зери суруд мусиқӣ хурсандиву шодмонӣ намуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"