image

Баргузории семинари омӯзишӣ бо занону духтарони фаъол

date_range25.05.2023, 15:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye254

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 1-и «Нақшаи чорабиниҳои мақомот оид ба татбиқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 27-уми апрели соли 2022 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18-уми июли соли 2022 тасдиқ гардидааст, семинар тренингро оид ба масъалаҳои роҳбарӣ, фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва малакаи касбии онҳо, бартараф намудани қолабҳои гендерӣ, тақсимоти нақши мардон ва занон дар ҷомеа, таҳкими тафаккури сиёсати занон дар мавзӯи «Нақши санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими тафаккури сиёсати занону ҷавондухтарон» бо ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони ДМТ баргузор намуд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Зеро табиист, ки ҷое занону бонувон ҳаст, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст.

Дар фарҷом як қатор бонувони фаъол, ки дар амалӣ намудани сиёсати босамари Пешвои миллат ва фаъолона ширкат варзиданд дар ҳама чорабиноҳои марбут ба занону бонувон саҳм гузоштанд дар вазъияти тантанавӣ бо сипосномаву ифтихорнома қадрдонӣ гардонида шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"