image

Даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллӣ доир шуд

date_range27.05.2023, 08:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye229

Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон зери мавзӯи ”Як ҷаҳон, як оила" ҷараён гирифта, аз 40 нафар иштирокчӣ 8 довталаб ба даври ниҳоии он роҳ ёфт.

Дар оғози даври ниҳоии даъвати 22-юми озмуни мазкур, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, нахуст ректори ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат Қобилҷон Хушвахтзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки озмуни “Пули забони чинӣ”, ки "маркази санҷиши сифат" ва “намоишгоҳи маҳсулоти тайёр” мебошад, платформаи фаррох барои муайян ва интихоби истеъдодҳо маҳсуб меёбад. Рушду таҳкими ҳамасолаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар самту соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф ва афзоиш ёфтани шумораи брусияҳои таҳсили ҷавонони мо дар ин кишвари пешрафта тақозо мекунад, ки донишҷӯён аз ин забон бештар огоҳӣ дошта бошанд.

Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ», ки ҳамасола бо ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат баргузор карда мешавад, аз тадбирҳои муҳим дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» аз замони таъсисаш дар соли 2002 беш аз 1,5 миллион донишҷӯи ҷавони зиёда аз 120 кишвари ҷаҳонро ҷалб намудааст. Бино ба таъкиди масъулон ин озмун имрӯз ба бренди маъруфи табодули фарҳангӣ миёни Чин ва дигар давлатҳо табдил ёфтааст. Таъкид гардид, ки ҳамасола донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар ин озмун ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд.

Тибқи маълумот имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1,4 миллиард нафар аз забони чинӣ истифода мебарад ва омӯзиши хуби ин забон имкон медиҳад, ки ба тамаддун ва фарҳанги Чин бештар ошноӣ пайдо намуд.

Даври ниҳоии даъвати 22-юми Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни ҶТ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо шарҳу тавзеҳи шартҳои ин марҳила дар чор бахш сурат гирифта, пас аз баромаду ҳунарнамоии 8 нафар иштирокчӣ беҳтаринҳо муайян ва бо ҷоизаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин ду ғолиби ҷойи аввал роҳхат ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст оварда, барандаи зинаи якум аз миёни донишҷӯёни Тоҷикистон дар ин озмун кишвари моро дар миёни дигар давлатҳо намояндагӣ хоҳад кард.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки тайи солҳои охир муносибатҳои стратегии Тоҷикистону Чин бо талошҳои роҳбарияти олии ду кишвар ба таври густурда рушду таҳким меёбанд ва уфуқҳои навро дар самту соҳаҳои гуногун касб мекунанд.

Раҳими Карим 

ТВ Душанбе