ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ АТЛАСУ АДРАС ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе.27.05.2023. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт, то ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 10 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва иҷрои банди 10 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023» ва қарори марбутаи Раиси шаҳри душанбе аз 19 май таҳти рақами 272 дар бораи баргузор намудани даври дуюми Фестивали атласу адрас ва намоишу фурӯши онҳо дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавб баргузор гардид.
Дар оғози фестивал ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин аз маҳсули дасти атлас ва адрасбофони пойтахт дидан намуда, ба маҳсули дасти онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас баъди муайян намудани ғолибон муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони чорабаниро хайрамақдам гуфтанд. Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории ин фестивал пеш аз ҳама равнақ додани анъанаҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ миёни ҷавонон ва ривоҷ додани атласу адрасбофӣ маҳсуб меёбад.
Баъдан дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон ва дастандаркорони фестивал ифтихорнома ва туҳфаҳои ташкилнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.
Дар охир баҳри болидахотирии ҳозирин дастагули сурудҳои саршор аз тараннуми Ватандӯстӣ ва ишқу муҳаббат пешниҳод карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ