Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои донишҷӯён доир гардид
Дар муассисаҳои олии таълимӣ ҷиҳати таъмини хатмкунандагон бо кор тадбирҳои судманд амалӣ мегардад. Дар ин замина дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои донишӯён доир гардид.
Қабл аз оғози баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ вохӯрии намояндагони Вазорати саноат ва технолияҳои нави ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бо роҳбарият ва хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва баргузор гардид.
Зимни баромади иштирокчиён қайд гардид, ки мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусӣ, ҳамкории мунтазам бо корхонаҳои саноатӣ имкон медиҳанд, ки мутахассисон баъди хатми донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат тайёр бошанд ва соҳиби ҷойи кор гарданд. Донишҷӯён дар давоми таҳсил ба корхонаҳои саноатӣ, бонкҳо, ширкатҳо ба таҷрибаомӯзӣ ва гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ҷалб карда мешаванд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ «Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки имрӯз бо ҷалби теъдоди зиёди корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холиро барои хатмкунандагон баргузор намуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ