Вохӯрии масъулин бо довталабон бо мақсади баргузор намудани даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”
Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дӯстдорони фанҳои дақик ва ихтироъкорон имкон пеш овард, то маҳорати касбиву зеҳнии хешро дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» имтиҳон кунанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ дақиқ ва табиӣ, ҳамзамон дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт роҳандозӣ гардидааст. Дар толори фарҳангии МТМУ №102 воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бо мақсади баргузор намудани даври сеюми Озмуни чҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” вохурӣ бо масъулин ва довталабон сурат гирифт.
Дар маҳфил намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур ва намояндагони маорифи ноҳияи мазкур ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ бо довталабони даври сеюми озмуни мазкур сухан ронданд. Аз ҷониби шахсони масъул зикр рафт, ки озмуни мазкур барои таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои даққиқ амсоли риёзӣ, табиатшиносӣ, физика ва кимиё каме ҳам бошад, мусоидат хоҳад кард.
Имсол низ мутобики низомномаи тасдиқгардидаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” он аз рӯи 7 номинатсия баргузор мегардад. Пас аз ҷаласаи ифтитоҳӣ ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун бо синфхонаҳои омода гардида, барои баргузории озмун дидан намуданд. Маврид ба зикр аст, ки синфхонаҳо мувофиқ ба номинатсияҳо омода шудаанд.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ