image

Парвози мустақими хатсайри нави Душанбе-Боку ба роҳ монда шуд

date_range31.05.2023, 11:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye396

Бо мақсади ба тақвият додани ҳамкориҳои судманд байни ду кишвар: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон парвози мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда шуд, минбаъд ҳафтае 3 маротиба парвоз ба роҳ монда мешавад.

Бо ибтикори Агентии Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парвози мустақим дар хатсайри Боку-Душанбе-Боку ба роҳ монд, ки парвози нахустини он аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷонии Азал дар самти Боку–Душанбе–Боку анҷом дода шуд, ки нахустин мусофиронро ҳавопаймои “Buta Airways” ба Душанбе овард.

Парвози нахустин ва мусофиронро намояндагони расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон ва дигар шахсони масъули вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар Фурудгоҳи байналмилалӣ истиқбол гирифтанд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи ин хатсайр шахсони масъули Агентии авиатсияиграждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони намояндагии Ҳукумати Озарбойҷон суханронӣ намуда, тааъкид доштанд, ки ифтитоҳи ин хатсайр дар самти осон намудани сафари шаҳрвандони ҳарду кишвар мусоидат намуда, шариоити мусоиди барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии ҳарду кишвар афзун гардидааст.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"