image

Ташкили ҳамоиш ба хотири гиромидошти шоир ва мутафаккир Мавлоно Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ дар китобхонаи шаҳрӣ

date_range31.05.2023, 13:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye215

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе пайваста чорабиниҳои гуногун ташкилу роҳандозӣ карда мешавад. Ин навбат ба хотири зодрӯзи Шоир ва мутафаккир Мавлоно Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ дар бинои Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, роҳбарияти китобхона, аҳли зиёву адаб ва кормандону хонандагони фаъоли Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон, ки ҳамзамон аъзои Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги най” мебошанд иштирок намуданд.

Чорабинӣ зери роҳбарии “Мавлоношинос” Сайҳомиддин Назруллоев, ки сарварии Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги най”-ро ба уҳда дорад сурат гирифт. Мавсуф зикр намуд, ки мутафаккири бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд.

Дар идомаи маҳфили адабӣ-фарҳангӣ хонандагони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги най”- аз ашъори ин олими барҷаста шерҳо қироат намуданд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст. Лозим ба таъкид аст, ки ба хотири рӯзгор ва эҷодиёти шоир мутафаккир ва олими барҷастаи шарқ ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ даҳо конфронсу чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"