image

Ҷамъбасти озмуни «Килки сабз» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

date_range01.06.2023, 09:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye275

Дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” дар доираи “Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе”, ки бо қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт эълон гардидааст, ҷамъбасти Форуми II навқаламон ва эҷодкорони наврсаи шаҳри Душанбе ва муаррифии маҷмуаи ҳикояҳо ва шеърҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни он таҳти унвони “Килки сабз” баргузор гардид.

Форуми мазкур соли 2-юм аст, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардида, маҳсули эҷоди навқаламон дар шакли маҷмуа интишор ва ғолибон қадрдонӣ мегарданд.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"