image

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон «Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе

date_range01.06.2023, 10:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye206

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак, ки ҳамасола дар ҷаҳон 1-уми июн таҷлил мешавад аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №3 барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта»-и шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии ин нафарон чорабинии зебову дилнишин доир карда шуд.

Дар чорабинии навбатӣ намояндагони ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино инчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин рӯз баҳри болидахотирии кӯдакону наврасон барномаи рангини тетрикунонидашуда, ки иборат аз суруду тарона ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"